ЁДБУДИ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГИ ОЛМОН ДАР ПОРКИ ҒАЛАБА
Садҳо тан аз сокинони пойтахти Тоҷикистон шаби гузашта дар порки Ғалабаи шаҳри Душанбе гирдиҳам омада ва дар як маҳфили ёдбуди қурбониёни ҶангИ Ҷаҳонии Дувум ширкат карданд. Ин маҳфил ба ибтикори Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд ба хотири 70-умин солгарди оғози ҳамлаи Олмони нозӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои он буд, баргузор шуд.
Соъати чаҳори субҳ ба вақти Маскав, гирдиҳамомадагон шамъҳоро фурӯзон карданд ва аз ин роҳ эҳтироми худ нисбат ба хотираи шаҳидони ин ҷангро баён доштанд. Ширкати родию ва телевизиюнии “Мир”, як ниҳоди вобаста ба Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд, ин маҳфилро тавассути шабаки телевизиюнии худ ба сурати зинда пахш мекард.
Гуфта мешавад, ки дар маҳфили ёдбуд сокинони 19 шаҳр аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ширкат доштанд. Дар ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони нозӣ ҳудуди 280 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ширкат карда ва беш аз 90 ҳазор нафари онҳо фавт дар муҳорибаҳо кушта шуданд. Тибқи иттилоъи Кумитаи куҳансарбозони Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 2200 нафар куҳансарбоз ва осебдидаи ин ҷанг ба сар мебаранд.
Би-Би-Си