01:06:55 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ФИРИСТОДАИ НАТО БА ТОҶИКИСТОН

Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи НАТО барои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, вориди Тоҷикистон мешавад. Вазорати умури хориҷа хабар додааст, ки Ҷеймс Аппатурай, рӯзҳои 22 ва 23 июн дар Душанбе хоҳад буд.

nato-otan_4744.jpgҚарор аст, фиристодаи НАТО бо мақомоти Тоҷикистон вазъ дар Афғонистон ва шеваҳои расидан сулҳ дар он кишварро баррасӣ кунанд. Тоҷикистон ба Паймони Атлантики Шимолӣ дар амри таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон кӯмак мекунад. Гуфта мешавад, яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси ҷонибҳо таҳкими марзҳои Тоҷикистон хоҳад буд.

Ин дар ҳолсет, ки мақомоти Тоҷикистон ва Русия тарҳи нави созишномаи ҳамкорӣ дар мавриди посбонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Хабаргузориҳои Русия аз қавли манобеъи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додаанд, ки тарҳи ин созишнома омода шудааст ва бар асоси он мушовирони русӣ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд. Аммо дар айни ҳол ҳамин манбаъ гуфтааст, ки масъалаи ба сурати комил ба марзҳои Тоҷикистон бар гаштани марбонони Русия мавзӯъи баҳси гуфтушуниди ҷонибҳо набудааст.

Нерӯҳои Русия соли 2005 марзи беш аз 1300 километрии Тоҷикистон бо Афғонистонро тарк карданд ва майли бозгашт ба онҷоро доштаанд. Давлати Тоҷикистон гуфтааст, зарурати бозгашти сарҳадбонони рус вуҷуд надорад, зеро нерӯҳои миллӣ қодир ба посбонии марз ҳастанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854