КУМАКИ ОМБУДСМЕНИ РУС БА ИХРОҶИ ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИК
Кумиссари ҳуқуқи башар дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия ба ихроҷи як табаъи тоҷик аз ин кишвар кумак кардааст. Хабаргузории Балтинфо рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн навишта, ки як табаъаи тоҷик аз омбудсмен Алексей Козирев дархост кардааст, ки дар иҷрои дастури додгоҳ дар бораи ихроҷи ӯ аз Русия ба вай кумак кунад.
Додгоҳи ноҳияи Виборг 28 январи соли ҷорӣ ин табаъаи тоҷикро, ки номаш ифшо нашудааст, дар нақзи муқаррароти иқомат дар Русия гунаҳкор шинохта ва ба маблағи 2000 рубл ҷарима кардааст. Ин додгоҳ ҳамчунин ин табаъаи тоҷикро дар маркази нигоҳдории атбоъи хориҷӣ, ки бояд аз Русия ихроҷ шаванд, ҷой додааст. Аммо аз он замон то кунун, ҳарчанд мӯҳлати ихроҷи ӯ гузашта, вале ин марказ ӯро ба Тоҷикистон равон накардааст.
Аз ин рӯ, ин шаҳрванди тоҷик ба кумиссари ҳуқуқи башари Сан-Питерзбург нома навишта ва аз ӯ хостори кумак шудааст. Омбудсмен Козирев дар ин бора ба додситонӣ муроҷеъа карда ва додситонӣ мушаххас кардаст, ки ӯ ба таври ғайриқонунӣ дар Русия нигоҳ дошта мешавад.
Ба ин тартиб, додситонӣ масъулони ин марказро муваззаф кардааст, ки ин табаъаи тоҷикро ба кишвараш фиристанд. Зимнан, харҷи сафари ин табаъаи тоҷикро бояд давлати Русия пардохт кунад.
Би-Би-Си