00:58:11 03-уми Июни 2025 сол

БУНЁДИ ЯК САРБОЗХОНАИ ҶАДИДИ МАРЗӢ ДАР ШӮРООБОД

Имрӯз дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод як бинои дуошёна барои марзбонон ифтитоҳ шуд. Бунёди ин сохтмон бо беш аз як милюн дулор сармояи давлати Амрико анҷом шудааст. Ин бино ҳам аз сарбозхона, ҳам аз тамрингоҳ ва ошхона иборат аст. Об ва системи гармӣ ҳам дорад.

Барои таъмини нерӯи барқ дар рӯзҳои маҳдудияти барқ дар ин сохтмон ботериҳои хуршедӣ ва женеротур ҳам насб шудааст. Вилям Броузфилд, муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароим, низ дар ҷараёни ифтитоҳи ин сохтмон ширкат ва суханронӣ кард.

Давлати Амрико дар ҳамкорӣ бо Идораи мубориза бо маводди мухаддир ва ҷароими СММ ҳамчунин ҳафт дидбонгоҳро дар минтақаи Шӯрообод тармим кардааст. Танҳо дар соли ҷорӣ кумакҳои молии Амрико ба марзбонони тоҷик ду милюн дулорро ташкил додааст. Дар чаҳор соли ахир кумакҳои Амрико ба марзбонони тоҷик 16 милюн дулор будааст.

Оқои Броузфилд гуфтааст, ки агар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким шавад, ҳам Тоҷикистон, ҳам Урупо ва ҳам Амрико аз хатари қочоқи маводди мухаддир эмин хоҳанд буд. Бинои сохташуда барои 150 сарбоз ва афсари нерӯҳои тақвиятии марзбонӣ пешбинӣ шудааст, ки фақат дар сурати ноором шудани вазъ ба кумаки марзбонҳо мераванд.

Дар расми ифтитоҳи сарбозхонаи ҷадид дар Шӯрообод сафири Амрико, муъвоини вазири хориҷаи Амрико, муъвини фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ, Сафаралӣ Назирвов, низ ширкат доштанд. Минтақаи марзии Шӯрообод аз душвортарин манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон будаст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854