ИНТИҚОДИ ПОРЛУМОНИ СУДОН АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Порлумони Судон гуфтааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти фишорҳои Омрико қарор гирифта ва ба ҳавопаймои раиси ҷумҳури ин кишвар иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии худро надодаанд. Ҳарчанд мақомоти вазорати хориҷа ва вазорати дифоъ ва ширкати “ТоҷикАэронавигатсия” дар ин бора ибрози беиттилоъӣ кардаанд, бархе расонаҳои Судон дар ин бора гузориш кардаанд.
Гузориш шудааст, ки яке аз диплумотҳои сатҳи болои судонӣ ба “СудонТрибун”, сойти хабарии ин кишвар, гуфтааст, ки ҳавопаймои Умар Башир, ки қарор буд 27 июн вориди Чин шавад, ба далели надоштани иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Туркманистон тавассути ҳавопаймо бо таъхир ба Чин расидааст. Бино ба иттилоъи расмии Вазорати хориҷаи Судон таъхири ин сафар “далоили фаннӣ” доштааст.
Нашрияҳои маҳаллии Хартум гузориш кардаанд, ки Туркманистон ба халабонҳои ҳавопаймои раиси ҷумҳури Судон тавсия додааст, ки ба далели талотум ё тербуленси зиёд дар ҳарими ҳавоии онҳо, тавассути ҳарими ҳавоии Афғонистон аз Эрон ба Чин парвоз кунанд, аммо Судон ба далели вуҷуди нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон ин пешниҳодро напазируфтааст.
Рӯзномаи мавсум ба “Ал-Роём” гузориш кардааст, ки Тоҷикистон яке дигар аз кишварҳое будааст, ки ҳавопаймои Ал-Башир метавонист тавассути ҳарими ҳавоияш парвози худро ба Чин анҷом бидиҳад. Аммо ба навиштаи ин рӯзнома, Тоҷикистон “ба далели он чи баргузории тамринот дар ҳарими ҳавоии мавриди назар хондаанд”, ин иҷозаро аз қабл надодааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони дафотири матбуъотии вазорати хориҷа ва дифоъи Тоҷикистон аз ин қазия ибрози беиттилоъӣ карданд. Алишер Шанбиев, муъовини раиси ширкати “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар ин бора гуфт: “Мо ҳатто дархосте дар бораи фароҳам кардани ҳарими ҳавоӣ барои ҳамчунин парвозе дарёфт накардаем.”
Умар Башир, раиси ҷумҳурии Судон, ба иттиҳоми даст доштан дар наслкушии Дорфур, мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Додгоҳи Байналмилалии Кайфарӣ ҳукми боздошти ӯро содир карда ва бисёре аз кишварҳо мувазазф шудаанд, ки ҳаракати ӯро аз тариқи ҳарими ҳавоии худ манъ кунанд.
Би-Би-Си