13:02:58 02-уми Июни 2025 сол

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ КАЛИДИИ ВКД ҶТ

 

Дар сохторҳои калидии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. 

Мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ, полковники милиса Маҳмадсаид Саидов сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва роҳбари шӯъбаи ҷумҳуриявии бақайдгирӣ ва имтиҳонот ифои вазифа менамуд. Собиқ сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Хӯҷамурод Холов аз мансб сабукдӯш гардида, айни замон дар ихтиёри раёсати шӯъбаи кадрҳо қарор дорад.

Подполковники милиса Абдураҳмон Бузмаков, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ таъин гардида буд, акнун Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро роҳбарӣ хоҳад кард. Ба дӯши полковники милиса Нурулло Орифов вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ вогузор гардид.

Ғайр аз ин, полковники милиса Анвар Тағоймуродов сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил таъин гардид. Айни замон шахсони тоза ба мансаб таъингардида ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ мегарданд.

Наргис Ҳамробоева, 
«Азия-Плюс»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854