23:37:49 09-уми Июни 2025 сол

БУЗУРГТАРИН МАХЗАНИ КИТОБ ДАР АРАФАИ БАҲРАБАРДОРИСТ

Яке аз иншоотҳои бузурге, ки дар арафаи Иди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, Китобхонаи миллии Тоҷикистон хоҳад буд. 

/images/stories/2011/07/25_kitobkhonai-milli_111.jpgКор дар ин иншоот шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Бунёди онро сохтмончиёни як ширкати чиноӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин иншоот ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Ба гуфтаи Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан тавоноии ғунҷоиши 10 миллион нусха китобро хоҳад дошт, ки дар собиқ қаламрави шӯравӣ ба ин бузургӣ китобхонае феълан вуҷуд надорад. 

/images/stories/2011/07/25_kitobkhonai-milli_222.jpgКитобхона бо таҷҳизоте таъмин ххоҳад шуд, ки бар пояи охирин дастовардҳои технологияи китобдорӣ сохта шудаанд. Китобхона ҳашттабақа буда дар табақаи саввуми он толоре ҷойгир хоҳад шуд, ки дар он конферонс ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд.

Китобхонаи феълии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дорои се миллиону 600 ҳазор нусха китоб буда ҳама корҳо дар он дастӣ иҷро мешавад.

Бино ба иттилои вазир дар давоми солҳои 2010-2011 аз шаҳрвандон, созмону ташкилот, донишгоҳҳову сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ наздик ба 16 ҳазор нусха китоби мухталиф ба хазинаи ҳамин китобхона ворид гардидааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854