00:38:26 10-уми Июни 2025 сол

ФЕСТИВАЛИ ЧОРУМИ «БОМИ ҶАҲОН 2011»

Фестивали чоруми «Боми ҷаҳон», ки ҳар сол дар дар моҳи июл баргузор мегардад, бо ҳузури иштироккунандагони хориҷӣ барпо гардид.

/images/stories/2011/07/25_festival_454545.jpgФестивалро ташкилоти ҷамъиятии Amesha Spenta созмон дода, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Фонди Оғохони Афғонистон, Фонди Рупонӣ, ташкилоти Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Олмони Федерол, Ташкилоти техникии Олмон онро маблағгузорӣ намуданд. Фестивал дар боғи марказии шаҳри Хоруғ бо намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон оғоз гардид.

Ҳунармандон аз гурӯҳи «Навои сетор»-и Худонамо, ҳофизону раққосони шаҳри Душанбе, гурӯҳи Фирӯзен, Кисор, Душанбе Паллаев барои ҳозирон ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин гурӯҳҳои фолклории Қирғизистон ва Афғонистон  намоишҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

/images/stories/2011/07/25_festival_454545666.jpgТашкилкунандагони ин фестивал қайд карданд, ки аз маъмулгардии ин намоиши бузург истифода намуда, ният доранд, ки доираи ин фестивалро дар Осиёи Марказӣ вусъат диҳанд. Ба гуфтаи онҳо фестивали «Боми ҷаҳон» як василае аст, ки тавассути он фарҳангу маданият, санъату анъана дар минтақаи Осиё муаррифӣ ва маъмул гардида, табиату фарҳангҳо, мардуму анъанаҳоро ба ҳам наздик месозад.

Шаби рӯзи 24-ум ба фестивал ҳусни анҷом дода шуд. Субҳи имрӯз меҳмонон ба сайру саёҳати шаҳр ва ҷойҳои муқаддас баромаданд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854