ДАР ТОҶИКИСТОН МОҲИ РАМАЗОН 1-УМИ АВГУСТ ОҒОЗ МЕШАВАД
Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз рӯзи душанбеи 1-уми август оғоз хоҳад шуд. Дабири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Неъматулло Олимов гуфтааст, ки бар тибқи тақвими имсола, намози таробеҳи нахустини моҳи Рамазон шоми якшанбе, 31-уми июл баргузор мешавад.
Ҳамзамон Шӯрои уламо аз бозаргонон даъват кардааст, ки қиматҳои моли худро “дар моҳи мубораки Рамазон поин бубаранд. Қабл аз ҳама ин даъват марбут ба маводи ғизо аст.” Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд.
Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд. Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз суннатҳои ин моҳи муборак будааст.
Аммо имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳоле фаро хоҳад расид, ки аксари сокинон аз дамои ҳаво дар изтиробанд ва мегӯянд, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.
«Озодӣ»