13:04:50 02-уми Июни 2025 сол

ФАВТИ СЕ НАФАР ДАР БЕМОРИЕ ХАТАРНОК

Дар ноҳияи Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон 3 нафар бар асари бемории таби геморагӣ ё таби хунин фавт кардаанд. Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Тоҷикистон 24 нафар ба занни ибтило ба ин беморӣ таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Ба гуфтаи Аъзам Мирзоев, сарпизишки беҳдории Тоҷикистон ва муъовини вазири беҳдошти ин кишвар, нахуст ба ин бемории мусрӣ як сокини рустои Зиёраттути ноҳияи Турсунзода ба ҳангоми дарави ғалла ва газидани кана мубтало шуда ва ба таври ногарҳонӣ фавт кардааст. Бародарааш низ, ки мурдаро мешуст, пас аз як рӯз вафот карда ва нафари дигар, ки дар мурдашӯйӣ ширкат доштааст, дар бемористон бистарӣ шудааст.

 

Оқои Мирзоев гуфт раиси бахши бемориҳои мусрии бемористони шаҳри Турсунзода, ки мубталоёнро муъоина карда буд, низ гирифтори бемории таби хунин шуда ва ҷон бохтааст.

Гуфта мешавад, ба далели бемории мусрӣ ва хатарнок будани таби геморагӣ дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Турсунзода маъмурони пулис посбонӣ истодаанд ва ба аёдаткунандагон иҷозаи вуруд ба утоқи бемористонро намедиҳанд.

Ҳамзамон, оқои Мирзоев таъкид кард, ки дар бемористон дору ва таҷҳизоти зарурӣ барои мудовои ин беморӣ вуҷуд дорад ва аз ин лиҳоз хатари шуюъи таби хунин ҷомеъаро таҳдид намекунад.

Ҳамчунин, рӯзи панҷшанбеи 7 август ба рустоҳои Зиёраттут ва Саркори ноҳияи Турсунзода ва яке аз маҳаллоти ин шаҳр 11 бригада ё ҳайати пизишкӣ ирсол шудааст, ки вазъияти бурузи эҳтимолии ин бемориро таҳти назорат хоҳанд дошт.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, мақомоти вазорати беҳдошт дар раъси Аъзам Мирзоев, муъовини вазир амалиёти ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории таби хунин ва мудовои мубталоён ба онро таҳти назорат қарор додаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854