КАРЗАЙ ДАСТУРИ ТАҲҚИҚИ ҚАТЛИ ҒАЙРИНИЗОМИЁН ДАР ҲИЛМАНДРО ДОД
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст то дар мавриди кушта шудани ҳашт нафар ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занон дар як зарбаи ҳавоии НАТО таҳқиқот анҷом шавад.
Нерӯҳои афғон ва байналмилалӣ мегӯянд онҳо рӯзи ҷумъаи гузашта дар ноҳияи Надалӣ дар вилояти Ҳилманд мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва аз нерӯи ҳавоӣ кумак хостанд. Рӯзи якшанбеи 7 август Гулоб Мангал, волии Ҳилманд гуфт ин афроди ғайринизомӣ аъзои хонаводаҳои пайкорҷӯён будаанд.
Ӯ афзуд пайкорҷӯе, ки гуфта мешавад бумбсоз буда, низ кушта шудааст. Афзоиши теъдоди талафоти ғайринизомиён аз мавзуъоти хеле ҳассос дар Афғонистон аст. Тайи нимаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар беш аз 1400 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Би-Би-Си