15:39:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЛОШИ ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ҲАЛЛИ БӮҲРОНИ ОБ БО КӮМАКИ ҚИРҒИЗИСТОН

Бино ба гузориши хабаргузории «Форс» ҳайате аз вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон ба Қирғизистон  сафар карданд ва дар дидор бо мақомоти Бишкек масъалаи камбуди шадиди об дар фасли тобистон дар Қазоқистон ва роҳҳои таъмини оби мавриди ниёз ба истифода аз манобеи обии мавҷуда дар Қирғизистонро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

/images/stories/2011/08/08_flag-kazakhistan_8.8.2011.jpgАъзои ин ҳайат хостори интиқоли бахше аз оби Қирғизистон ба манотиқи ҷануби Қазоқистон шуданд, ки то кунун мақомоти қирғиз ба дархости онҳо посухе надодаанд. Бино бар гуфтаи Ҷамолиддинов, раиси кумитаи манобеъ ва эҳёи оби Қирғизистон, «Бишкек ба тамоми тавофуқномаҳои дуҷониба амал мекунад, вале бояд ба ёд дошта бошем, ки об танҳо барои кишоварзӣ ва обёрӣ нест, балки манбае барои тавлиди барқ низ маҳсуб мешавад, мавзӯи об ба монанди мавзӯи барқ аст».

Ғайрат Молдошев, устоди ҷуғрофиё ва заминшиносии Қирғизистон мӯътақид аст, ки мушкили об масъалае нест, ки бо тавофуқи байни Қазоқистон ва Қирғизистон ҳал шавад, зеро оби обанбори  Тохтагул  бо убур аз Ӯзбакистон ба Қазоқистон  ворид мешавад. Ва дохилшавии  об ба ин обанбор дар як сония 463 метри муккааб буда хориҷшавии он  631 метри муккааб дар сония аст, ки идомаи ин раванд муҷиби хушкидани оби ин дарғот хоҳад шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi