08:21:34 10-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ ОIC АЗ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН

Созмони ҳамкориҳои исломӣ ё OIC аз қабули Қонуни масъулияти волидайн дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Фотеҳ Окай, сухангӯи ин созмон, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, дар ин бора ба РО гуфт: "Созмони Конфронси Исломӣ ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта ва аз онҳо ҷӯёи шарҳи ин қазия шуд.”

/images/stories/2011/08/08_parchamho_8.8.2011.jpgҚонун дар мавриди масъулияти волидайн, ки рӯзи шанбе ҳукми иҷро гирифт, ба истиснои маросими ҷаноза, ҳузури ҷавонону наврасони то 18-соларо дар корщои иттищодияи динь, ки масыид низ шомили он аст, манъ мекунад. Аз ин қабл Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, аз мароҷеи тақлид дар Эрон, давлати Тоҷикистонро ба исломзудоӣ муттаҳам карда буд.

Оятуллоҳ Лутфуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, фақеҳ ва рӯҳонии наздик ба ҳукумати Эрон, аз он чӣ исломситезии мақомҳои Тоҷикистон номид, шадидан интиқод карда хитоб ба мақомоти ин кишвар гуфта буд, ки бидонанд, роҳе, ки пеш гирифтаанд ба шикаст мебарад.

Ҳудуди ду моҳ қабл низ Мавлоно Саид Ҷалолиддин Умарӣ, раиси Ҷамоъати исломии Ҳинд пас аз тасвиби тарҳи ин қонун, аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал оварда буд, ки ”ин санади ғайриъодилона, зиддидинӣ ва ғайримантиқиро” бозпас хонанд.

Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон пас аз нашри он дар нашрияҳои расмӣ, сар аз рӯзи 6-уми август ба ҳукми иҷро даромад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ шаш рӯз пеш дар таърихи 2-юми август, пас аз баррасиҳои чандмоҳаи ҳамагонӣ, саранҷом ба ин қонуни пурсару садо ва баҳсбарангез имзо гузошта буд.

Аз он ҷо, ки тарҳи қонун баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа ва вокуниши манфии созмонҳои байнулмилалиро ба бор оварда буд, умедворие дар миён буд, ки раисиҷумҳур онро имзо нахоҳад кард ва барои бознигарӣ ба парлумон хоҳад баргардонд. Вале чунин ҳолате ба вуқӯъ напайваст ва акнун имзои қонун вокунишҳои бештареро ба вуҷуд овардааст.

Имзои ин қонун аз сӯи раисиҷумҳур дар рӯзи 2-юми август дар ҳолест, ки аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл бидуни баҳс қонунро тасвиб карда буданд. Дар нимаи моҳи июни соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар низ қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро пазируфта буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854