09:00:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЛОКАТИ КОРМАНДИ САҲА ДАР ХАРАНГОН

 

Корманди Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Чеслав Белявский 9 август дар дараи Харангон дар масофаи даҳкилометрии самти шимолии шаҳри Душанбе ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. 

Чеслав Белявский кӯҳнаварди касбӣ буда, дар мавзеи Харангон ба шаш нафар корманди созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ машғулияти кӯҳнавардӣ мегузаронд. Дар натиҷаи носозии техникии асбобу анҷоми кӯҳнавардӣ Ч.Белявский аз баландии 25 метр ба замин афтод ва маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа вафот кард. Субҳи 10 август дар ибодатхонаи католикии шаҳри Душанбе ҷанозаи марҳум хонда шуд. Ҷасади ӯ бо ҳавопаймо ба ватанаш - Лаҳистон фиристода мешавад.

 

Ч.Белявский дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009 то имрӯз кор мекард. Ӯ аз Лаҳистон ба Душанбе фиристода шуда буд.

Наталя Михайлова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi