13:07:05 02-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ ЯК МУСАЛЛАҲ ДАР ЗАДУХӮРД

Нерӯҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як даргирӣ дар канораи шаҳри Душанбе гумонбаршудаи узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистонро ба қатл расондаанд.

Намояндаи вазорат ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ин шахс бо номи Шавкат Юсуфов ҳангоми боздошт ба кормандони умури дохилӣ оташ кушод ва аз оташи ҷавобӣ кушта шуд. Дар ҳоле ки ин манбаъ ва мақомоти дигари Тоҷикистон Юсуфовро узви Ҳаракати исломии Узбакистон меноманд, тасдиқи ин маълумот аз манобеъи мустақил ғайриимкон аст. Хабаргузориҳо гуфтаанд, даргирӣ дар маҳаллаи Арбоб-хотуни наздикии пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин хабар дар ҳоле мерасад, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон аз поёни як амалиёти густарда зидди гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар шарқи кишвар иттилоъ дода буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854