04:06:06 02-уми Июли 2025 сол

СОНИҲАИ НАҚЛИЁТӢ. ЯК МАСЪУЛИ ҲНИТ КУШТА ШУД

Сабзалӣ Шарифов, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Файзобод кушта шудааст. Дар ин бора Ҳикматулло Сайфуллозода, муовини раҳбари ҲНИТ ба "Озодӣ" хабар дод ва гуфт, Сайидумар Ҳусайнӣ ва Сабзалӣ Шарифов, ки бо мошини аввалӣ ба ноҳияи Файзобод мерафтанд, дар роҳ ба сониҳаи нақлиётӣ дучор омадаанд.

/images/stories/2011/09/03_sabzali-sharifov_3.9.2011.jpgБино ба гуфтаи ӯ, дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод мошини онҳо аз роҳ берун рафта ба мошини дигаре бармехӯрад, ки дар натиҷа Сабзалӣ Шарифов ҳалок ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон дар беморхонаи ноҳияи Файзобод бистарӣ мешавад.

Ронанда ва як тани дигар аз аъзои ҲНИТ, ки Сайидумар Ҳусайнӣ ва Сабзалӣ Шарифовро дар ин роҳ ҳамроҳӣ мекарданд, низ захмӣ шудаанд. Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, ҳоло як гурӯҳ аз аъзои ин ҳизб ба ҷои ҳодиса рафтаанд, то сабаби ин сониҳаи нақлиётиро рӯшан бикунанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, Сабзалӣ Шарифов ва Сайидумар Ҳусайнӣ барои дидору гуфтугӯ бо аъзои ин ҳизби сиёсии динӣ ба ноҳияи Файзобод мерафтанд.

Сабзалӣ Шарифов раҳбарии шӯъбаи навоҳии тобеи маркази Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.  Маросими ҷанозаи ӯ фардо, чаҳоруми сентябр, дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ