04:53:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАШУМ РӮЗИ БОЗДОШТИ ХАБАРНИГОРИ ТОҶИК

Бо гузашти шаш рӯз аз замони боздошти хабарнигори тоҷик Шӯҳрат Шодиев дар шаҳри Нуқуси Ӯзбакистон, сарнавишти ӯ то ҳоло норавшан боқӣ мемонад. Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори мустақили тоҷик, ба ҳангоми бозгашт аз шаҳри Грознии Чеченистон дар қатори Маскав-Душанбе аз тарафи ходимони амниятии Ӯзбакистон боздошт карда мешавад. 

Мақомоти амниятии Ӯзбакистон оқои Шодиевро бо гумони ворид кардани силоҳ ва адабиёти мамнӯъ дастгир кардаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз боздошти рӯзноманигори тоҷик дар қаламрави Ӯзбакистон огаҳ аст ва бар пояи иттиллои як корманди дафтари матбуотии он сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбакистон дастур гирифтааст, ки ҳарчи зудтар қазияи мазкурро пайгирӣ кунад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Шӯҳрат Шодиев гуфт, рӯзи шашум аст, ки кормандони идораи гумруки шаҳри Нуқус-маркази маъмурии ҷумҳурии мухтори Ӯзбакистон ба ӯ ҷавоби мушаххас намедиҳанд, ки иллати боздошти ӯ дар чист. Ва бархе аз ашёи ӯ, аз ҷумла чанде аз нашрияҳои чопи Душанбе, як нусха тарҷумаи русии Қуръон ва диску наворҳоеро, ки аз шаҳри Грозний харидорӣ карда буд ва низ як силоҳи пневматикиро, ки фарзанди дӯсташ тӯҳфа кардааст, барои ташхис гирифтаанд.

Аммо ходимони гумрук гуфтаанд, ки ин ҳама мавод барои ташхис ба Тошканд фиристода шудааст ва сарнавишти ӯ баъди дарёфти посух рӯшан хоҳад шуд.

Оқои Шодиев гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ӯ ва ду роҳбалади қатори Маскав-Душанбе, ки аз қатори онҳо ҷомадони Шӯҳрат кашф шудааст, ҳамроҳи ӯ дар як манзили хусусӣ дар шаҳри Нуқус ба сар мебаранд. Вай афзуд, вазъи саломатиаш хуб нест, вале мақомоти Ӯзбакистон ҳеҷ гуна имкони мулоқот бо намояндагони расмии Тоҷикистон бо ӯро намедиҳанд ва афзун бар ин барои ғизо ва ҷойи хоб низ ӯ аз ҳисоби худ маблағ месупорад.

Дар ҳамин ҳол талошҳои мо барои гирифтани маълумот аз ҷониби Ӯзбакистон натиҷа ба бор наовард. Дар консулгарии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон аз пеш омадани як чунин қазия аслан изҳори беиттиллоӣ карданд.

Аммо Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи «Азия плюс», ки Шӯҳрат Шодиев пештар дар он кор мекард, дар як сӯҳбат бо мо гуфт, ки ба дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмак ба рӯзноманигори дастгиршуда муроҷиат кардаанд.

Ӯ мегӯяд, «мо ба ҳеҷ сурат ба сарнавишти ҳамкори худро, ки ҳарчанд ӯ ҳоло дар идораи мо кор намекунад, бетафовут буда наметавонем. Ва мо ҳам ба вазорати хориҷа ва ҳам ба намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон муроҷиат кардем, ки ба сарнавишти Шодиев зудтар расидагӣ кунанд».

Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори мустақили тоҷик пештар дар нашрияи «Азия плюс»-и чопи Душанбе ва оҷонсии «Фергана.ру»-и Русия фаъолият кардааст. Ба таъйиди худи Шӯҳрат, ӯ бо даъвати бархе аз дӯстонаш аз Грознии Чеченистон ба аёдати онҳо рафта ва дар роҳи бозгашт мавриди боздошти ходимони амниятии Ӯзбакистон қарор гирифтааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi