14:00:16 06-уми Июли 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАТЛИ РАББОНИРО МАҲКУМ КАРДААСТ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт.

/images/stories/2011/09/21_safir-afghan_219.2011.jpgЭмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро аз шаҳодати Раиси Шўрои Олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба фарзандону пайвандони шодравон ва ҳамчунин ба мардуми шарифи Афғонистон бирасонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз куштори даҳшатангези ин шахсияти ҷаҳонӣ ва дорои нуфузу эътибори бориз дар миёни тамоми қавму қабоили Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба марги устод Бурҳониддин Раббонӣ танҳо нерўҳое метавонанд манфиатдор бошанд, ки ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, ноормию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон  пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард».

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо барои ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ аз марги нобаҳангоми устод Бурҳониддин Раббонӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

«Presiden.tj»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ