12:58:03 02-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК ҶАНГИИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ

Дар ноҳияи Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон, як нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев боздошт шудааст. 

Мақомот мегӯянд, Абдуғаффор Қодирови 38-сола узви дастае буд, ки таҳти фармондеҳии Ғоибназаров дар навоҳии Шаҳритӯс ва Қубодиёни вилояти Хатлон бедодгарӣ мекард. Аз аввали сол дар Тоҷикистон 8 нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дастгир шудаанд. Сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони собиқи Фронти халқист, ки дар рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон саҳм доштааст. Вале ӯ баъдан алайҳи ҳукумат ошӯб бардошт ва соли 1997 аз кишвар фирор кард.

Дар тирамоҳи соли 1998 Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдоронаш ба вилояти Суғд ҳамла оварданд, вале дар задухӯрдҳо бо нирӯҳои давлатӣ шикаст хӯрда, дубора фирор карданд. Душанбе ба таври мукаррар аз Узбакистон истирдоди Худойбердиевро тақозо кардааст, вале Тошканд дар қаламрави Узбакистон ба сар бурдани ӯву тарафдоронашро эътироф намекунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854