13:05:44 02-уми Июни 2025 сол

БЕНЁМИН БАҲОДУРӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

 

Баъди моҳи шарифи Рамазон овозхони ҷавону шинохтаи эронӣ Бенёмин Баҳодурӣ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матуботи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ороста иттилоъ дод. Ҳунарманди маъруфи мусиқии попи эронӣ Бенёмин зимни сафари ҳунарии худ ба Тоҷикистон дар «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ду консерт дидори мухлисони сершумори худро шоду мамнун мегардонад.

А. Ороста зикр кард, ки сафари ҳунарии Бенёмин Баҳодурӣ ба Душанбе бо ибтикори яке аз ширкатҳои ҳунарии фарҳангии ин кишар ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.

 

Бояд зикр кард, ки Бенёмин ҳунарманди ҷавон буда, соли 1982 дар Теҳрон таваллуд шуда, дар сини 16-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ менамояд. Дар 19 солагиаш ба гитарнавозӣ ва эҷоди оҳангҳои марғуб оғоз менамояд. «Гулҳои рангинкамон», «Бӯи муҳаррам» ва «85» аз албомҳои беҳтарини Бенёмин мебошанд. 

Бенёмини Баҳодурӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Олмон ва Белгия сафари ҳунарӣ намудааст. Сурудаҳои Бенёмин дар Тоҷикистон, бахусус дар байни ҷавонон маҳбубияти хоса дорад. Ин аст, ки ӯ бо сафари нахустини ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854