00:18:36 03-уми Июни 2025 сол

САФАРАЛӢ РАҶАБОВ ҲАМ АЗ МО РАФТ...

Раиси пешини Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва собиқ вазири маориф - Сафаралӣ Раҷабов дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи мақомот намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов соати 11-и имрӯз, 6 октябр, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор ва ҷасади ӯ дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супорида хоҳад шуд.

/images/stories/2011/10/06_safarali-kenjaev_6.10.11.jpgРаиси пешини Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва собиқ вазири маориф - Сафаралӣ Раҷабов дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи мақомот намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов соати 11-и имрӯз, 6 октябр, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор ва ҷасади ӯ дар оромгоҳи “Лучоб” ба хок супорида хоҳад шуд.

Сафаралӣ Раҷабов пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010 вазифаи раҳбари Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллиро ба ӯҳда дошт. Вай моҳи сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1977 Донишгоҳи омӯзгорӣ ва соли 1989 Донишгоҳи кишоварзиро хатм кардааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ низ буд. Дар тӯли фаъолияти кории худ Сафаралӣ Раҷабов бо ордени “Исмоили Сомонӣ” ва унвони фахрии "Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз шудааст.

​​Ӯ тӯли солҳои 1992-1995 - раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон; солҳои 1995-2000 - раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Замоне ки ӯ раиси Маҷлиси Олӣ интихоб шуд, як бахше аз вакилони порлумонро қумондонҳо, аз ҷумла Сӯҳроб Қосимов, Ғаффор Мирзоев ва дигарон ташкил медоданд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи соҳибназарон, Сафаралӣ Раҷабов яке аз мураккабтарин давраи порлумонро идора карда буд.

Оқои Раҷабов дар оғози соли 2000 ба маснади вазири маорифи Тоҷикистон расид, аммо соли 2005 дигарбора ба порлумон баргашт. Вай пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонии соли 2005 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб шуд ва то лаҳзаи марг ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Бо даргузашти Сафаралӣ Раҷабов як курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон холӣ монд. Ҳоло маълум нест, ки Сафаралӣ Раҷабовро дар порлумони кишвар кӣ иваз хоҳад кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854