00:05:35 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ ЗОИРОНИ ТОҶИК БА ҶИДДА

Яксаду ҳаштоду панҷ тан аз довталабони зиёрати хонаи Каъба аз пойтахти Тоҷикистон ба Ҷидда парвоз карданд. Парвози нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик тавассути ҳавопаймои ширкати “СомонЭйр”, ки аз умдатарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст, анҷом мешавад. Мақомоти Кумитаи умури дин мегӯянд, ширкати “ТоҷикЭйр” низ дар интиқоли гурӯҳи дигари зоирони тоҷик ба Ҷидда саҳм хоҳад гирифт.

/images/stories/2011/10/11_safar-ba-jidda_1_2011.jpgХабарнигори мо, ки ҷараёни сафари зоирони тоҷикро назорат мекунад, гуфт, довталабони зиёрати хонаи Каъба либоси ягона ба бар кардаанд. Вай мегӯяд, дар либоси мардон ва кунҷи рӯймоли занон парчами Тоҷикистон ҷо дода шудааст. ​​Зоирони тоҷик ҳамчунин борхалтаҳои яксон доранд, ки тавассути ширкати дӯзандагии "Ёқут-2000" омода шудааст.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон барои таҳияи либоси ягона ва борхалтаҳои дастӣ барои ҳар кадом ҳоҷӣ каме бештар аз 50 доллар харҷ кардааст, ки онро аз ҳисоби пули пардохтаи зоирон гирифтааст. Яъне, барои либосу борхалта зоирон дигарбора пули изофагӣ пардохт накардаанд. Ин барои нахустин бор аст, ки барои зоирони Ҳаҷ аз Тоҷикистон либоси ягона таҳия мешавад.

/images/stories/2011/10/11_safar-ba-jidda_2_2011.jpgВале масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, чунин корро бархе аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Туркия таҷриба карда ва ҳоло низ идома медиҳанд. Кумитаи дини Тоҷикистон дар ду соли ахир дар роҳи зиёрати Хонаи Каъба барои сокинони кишвар баъзе аз маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Соли гузашта ин кумита қарор кард, ки афроди аз ҳаштодсола боло ва аз 18-сола поин имкони сафар ба Маккаву Мадинаро надоранд.

Кумитаи дини Тоҷикистон, ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои динӣ тақрибан даҳ сол аст, ки сафари зоирон ба Ҳаҷро таъмин мекунад ва ширкатҳои хусусии сайёҳиро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. Дар оғози солҳои 2000, замоне ки теъдоди довталабони зиёрати хонаи Каъба дар Тоҷикистон афзоиш дошт, мақомоти Кумитаи умури дин талош карданд, ки танзими ҳаҷро ба ихтиёри ин ниҳоди динӣ бигирад ва соҳиби бозори гарме шавад, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз гуселу пешвози зоирон онро ба вуҷуд оварда буданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854