00:18:34 03-уми Июни 2025 сол

ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Як манбаи расмӣ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ, хонум Клинтон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Баъд аз он вазири умури хориҷии Амрико озими Тошканд мешавад ва бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот менамояд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҳафтуми октябр фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон Марк Гроссман низ ба Тоҷикистон омада, бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дода буд. Оқои Гроссман пас аз дидораш бо президент Раҳмон гуфт, ки ба изофаи баррасии вазъ дар Афғонистон раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ҷараёни тарҳи нави "Роҳи нави абрешим" қарор додааст. Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон пас аз дидораш бо раисиҷмуҳури Тоҷикистон ба Тошканд рафта ва бо мақомоти он кишвар гуфтугӯ анҷом дода буд.

Бо ин ҳол, сафари хонум Клинтон ба минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки равобит миёни Амрико ва Покистон бар сари наҳваи мубориза алайҳи терроризм рӯ ба таниш аст. Амрико дар пасманзари ин ихтилоф бо Покистон, дар ҷустуҷӯи гузаргоҳи амн барои интиқоли маводи икмолоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст, ки ба назари коршиносон Осиёи Миёна беҳтарин гузина шумурда мешавад. Дар ҳоли ҳозир 150 ҳазор сарбози Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО дар Афғонист.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854