САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМИ САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ
Сарнавишти Сайфулислом Қаззофӣ, писари Муъаммар Қаззофӣ, ки бисёре ӯро ҷонишини падараш медонистанд, ҳамчунон номаълум аст.
Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи панҷшанбе, 20 октябр, ҳамзамон бо вуруди пайкорҷӯёни таҳти амри Шӯрои миллии интиқолии Либӣ ба шаҳри Сирт аз ин шаҳр гурехтааст.
Теъдоде аз аъзои давлати муваққати Либӣ гуфтаанд, ки пайкорҷӯёни инқилобӣ ӯро маҷрӯҳ ва боздошт кардаанд, вале ҳанӯз ҳеҷ тасвире аз боздошти ӯ мунташир нашудааст.