БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ҚОЧОҚБАРОНИ ӮЗБАК ДАР ТУРСУНЗОДА
Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби ин кишвар як гурӯҳи созмонёфтаи қочобари маводди мухаддир боздошт ва аз онҳо 233 килугромм маводди мухаддирро мусодира кардаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ин гурӯҳи мураккаб аз чаҳор шаҳрванди Ӯзбакистон ва ду табаъи тоҷик дар зарфи чанд соли ахир ба қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ва аз тариқи ин кишвар ба Қазоқистон ва Русия машғул будааст. Ин манбаъ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти боздошти ин гурӯҳ дар рустои Коммунаи ҷамоъати деҳоти “1 Май”-и шаҳри Турсунзода аз манзили Амонулло Нуров, яке аз аъзои ин гурӯҳ, 233 килугромм маводи мухаддири навъи афюн кашф ва мусодира гардид.
Ин хабар рӯзи 25-уми октябр тавассути телевизиюни Тоҷикистон пахш шуд. Дар гузориши телевизиюнии марбут ба ин ҳодиса эътирофи Қурбонбой Нарзуллоев, сокини рустои Сари Ҷӯйи ноҳияи Сариосиёи Ӯзбакистон нишон дода мешавад, ки мегӯяд аз соли 2008 дар Ӯзбакистон ба қочоқи маводди мухаддир машғул будааст. Ба гуфтаи оқои Нарзуллоев, қарор буд ӯ беш аз 200 килугромм маводди мухаддирро ба ивази пули зиёд аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода интиқол дода ва ба фарде бо номи Зариф таҳвил медод.
Саид Гулов, шаҳрванди дигари Ӯзбакистон, сокини ноҳияи Деҳнави ин кишвар низ эътироф кардааст, ки дар Ӯзбакистон бо Ҳоҷӣ ном табаъи афғон ошно будааст ва онҳо машварат кардаанд, ки дар Тоҷикистон коноли ҷадиди интиқоли маводди мухаддир аз ин кишвар ба Ӯзбакистонро боз кунанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ба ин манзур рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шуда ва қасд доштааст, бо кумаки як гурӯҳи қочоқбар 233 килугромм маводди мухаддирро аз Тоҷикистон ба Ӯзакистон ва сипас аз тариқи ин кишвар ба Қазоқистон ва Русия интиқол бидиҳанд.
Ҳамчунин, ду табаъи Ӯзбакистон, Навоз Бӯлматов, сокини шаҳри Ҷарқӯрғон ва Азамат Қулматов, раиси ширкати “Азамат Шер”-и шаҳри Деҳнав ва Мӯҳриддинов Мӯҳриддин, бознишаста, сокини шаҳри Душанбе ва Юсуф Назриддинов, соҳибкори тоҷик дар экрони телевизиюн зоҳир шуда ва узвияти худро дар гурӯҳи қочоқбарии созмонёфта эътироф карданд. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Барои бори нахуст нест, ки телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон эътирофи афроди мухатлифро дар иртикоби ҷароими мухталиф нишон медиҳад. Пахши эътирофҳо дар гузоришҳои вижаи кумитаи амният ва вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои телевизиюни давлатӣ амре маъмулӣ шудааст.
Зимнан дар соли гузашта дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи чорнафарии қочоқчии маводди мухаддир аз сӯйи кормандони Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишвар дастгир шуда буд. Дар ин гурӯҳ, як донишҷӯйи 19-солаи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва як зани 45 сола низ шомил буданд, ки машғули интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз тариқи ин кишвар ба Русия буданд.
Би-Би-Си