00:11:09 03-уми Июни 2025 сол

НОЗИЯ, МЕҲРНИГОР ВА ЗИКРУЛЛОҲ. ДАР “НЕБО СОДРУЖЕСТВА”

Ҷашнвораи “Небо содружества” бо иштироки овозхонҳои кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Олим Акрамов, раҳбари кулли ширкати “Базморо”, ки ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунариро бар дӯш дорад, ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Нозияи Кароматуллоҳ, Меҳрнигори Рустам ва Зикруллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, барои иштирок дар ин ҷашнвора Максим, Юлия Савичева ва Сергей Лазарев аз Русия, Айк Каспаров аз Арманистон, Серан Исмоилхонов аз Озарбойҷон, Алена Ланская аз Беларус, гурӯҳи “Роҳат Луқум” аз Қазоқистон, Ҷанета Бобкова аз Қирғизистон гурӯҳи “Real О” аз Украина омадаанд. Баргузории ин ҷашнвораро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бар дӯш дорад, вале хароҷоти онро як бунёди марбут ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил хоҳад пардохт.

Ҷашнвораи байнулмилалиии “Небо Содружества” бори аввал моҳи сентябри соли 2010 дар Душанбе баргузор шуда буд. Вале ба далели баргузор нашудани озмуни "Интервидение. Панҷ ситора" дар соли 2009, Тоҷикистон бори дигар ҷашнвораи "Небо содружества"-ро мизбонӣ мекунад.

Таҳмина Ниёзова, набераи овозхони зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов соли 2008 дар озмуни "Интервидение. Панҷ ситора" Тоҷикистонро намояндагӣ карда ва соҳиби Шоҳ-ҷоизаи озмун шуд. Тибқи муқаррарот бояд ин озмун соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор мегардид. Вале Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом дошт, ки ба далели мушкили молӣ ин кишвар наметавонад озмуни "Интервидение. Панҷ ситора"-ро баргузор намояд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854