12:14:42 01-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН РАИСОНИ ДУ НОҲИЯРО АЗ КОР РОНД

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз раисони ду ноҳияро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, Шодӣ Мӯсоев, раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Лутфулло Муҳиддинов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд бинобар қонуншиканиҳо дар тақсими замин дар ҷаласаи ҳукумат аз мақомҳояшон сабукдӯш карда шуданд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, дар ҳарду ноҳия мавориди зиёди тақсими ғайриқонунии замин ва сохтмонҳои худсарона ошкор карда ва парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854