12:02:37 01-уми Июни 2025 сол

ДАР ПОКИСТОН ҲУКМИ БОЗДОШТИ ПАРВИЗ МУШАРРАФ СОДИР ШУД

Додгоҳи Кветта дар Покистон ҳукми боздошти генерал Парвиз Мушарраф ва Шавкат Азиз раисҷумҳур ва нахуствазири собиқи Покистонро ба ҷурми қатли Акбари Багтӣ, яке аз раҳбарони қабилае дар иёлоти Балуҷистонро содир кард.

/images/stories/2011/10/30_parviz_musharraf_2011.jpgТибқи хабаргузории “Ирно”, ба нақл аз хабари ҷумъашаби манобеи маҳаллӣ, Навоб Акбари Багтӣ, раҳбари яке аз қабоили Балвоҷ дар иёлоти Балуҷистони Покистон ба ҳамроҳи 35 нафар аз ёрони худ дар соли 2005 дар як амалиёти низомӣ дар ин иёлот кушта шуданд.

Хонаводаи Багтӣ, Парвиз Мушарраф, раисҷумҳур ва Шавкат Азиз, нахуствазири вақти Покистонро муттаҳам ба қатли вай медонанд. Додраси қазоии додгоҳи Кветтаи иёлоти Балуҷистон бо таваҷҷӯҳ ба ин парванда, ҳукми боздошти генерал Парвиз Мушаррафро, ки ҳамакнун дар Англия муқим аст, содир кард.

Генерал Парвиз Мушарраф ҳамакнун бо ҳимояти «Ҳизби Муслим» дар Покистон, муддаӣ аст, ки дар моҳи марти соли оянда ба Покистон боз мегардад.

Ба гуфтаи коршиносони Покистон ҳеҷ тавофуқномае дар заминаи боздошт кардани муҷримон байни Покистон ва Англия ба имзо нарасидааст.

Пас аз мавҷи азими иқдомоти террористӣ дар Иёлоти Балуҷистон дар соли 2004, Навоб Акбари Багтӣ низ ба унвони раҳбари яке аз гурӯҳҳои миллӣ пинҳонӣ зиндагӣ мекард. Вай бо таваҷҷӯҳ ба мавҷи густурдаи нооромиҳо дар ин иёлот дар 26 -уми августи соли 2005 дар ғоре воқеъ дар 150 километрии шарқи Кветта тавассути амалиёти низомӣ аз сӯи давлати Мушарраф ба қатл расид.

Навоб Акбари Багтӣ замоне вазири кишвари иёлотӣ ва сарвазири Иёлоти Балуҷистон будааст.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854