17:44:28 04-уми Июни 2025 сол

ҲАМОИШИ НАХУСТИНИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКУ АРАБ

 

 

Субҳи имрӯз, 22-юми май, дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ шурӯъ шуд. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш ҳайъати расмии Арабистони Саудӣ ва намояндагони маҳфилҳои тиҷоратии ин кишвари сарватманди Ховари Миёна ширкат доранд. Интизор меравад, дар ҳамоиши мазкур мақомоти расмии Тоҷикистон тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ, саноат, саёҳӣ ва беҳдоштиро муаррифӣ кунанд. 

Тоҷикистон, ки бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ранҷ мекашад, барои ҷалби кӯмакҳои молӣ ва сармояи хориҷӣ талош дорад. Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ин ҳафта сафари расмиеро ба Арабистони Саудӣ оғоз кард.

Ҳамоиши тоҷирони тоҷику араб дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳафтаи ахир як силсиласафари расмӣ ба кишварҳои арабӣ, ба хусус Арабистони Саудӣ, дошт ва бо мақомоти баландрутбаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. 

Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ҳамкориҳои феълии иқтисодӣ ва муносиботи ояндаи байни ду кишвар ва ҳамчунин мавзуи кӯмакҳои молии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои бартарафсозии пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ ва фалокатҳои табиӣ баррасӣ шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854