13:18:01 02-уми Июни 2025 сол

ШУМОРИШИ РАЪЙҲО ДАР ИНТИХОБОТИ АФҒОНИСТОН

Раҳбари ситоди интихоботии Ҳомид Карзай гуфтааст, раъйҳои ба дастовардаи президенти феълии Афғонистон барои пирӯзи интихобот эълон кардани ӯ аллакай дар даври аввал кофист. Дин Муҳаммад ба оҷонсии Рейтер гуфтааст, ғолиби интихобот аллакай дар даври аввал маълум шуд ва ин ғолиб Ҳомид Карзай аст. Дар ҳамин ҳол, як мақоми Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон гуфтааст, натоиҷи расмии интихобот ҳафтаи оянда нашр хоҳанд шуд.

Қаблан, торнамоҳои афғонӣ бо такя ба манобеъи ғайрирасмӣ навишта буданд, ки бино бар натоиҷи аввалия, ду номзади аслии интихобот - Ҳомид Карзай ва Абдулло Абдулло дар садри раъйгирифтагон қарор доранд ва қариб баробар мераванд.

Ин торнамоҳо навиштаанд, Карзай аксаран дар манотиқи ҷануб ва ғарбии Афғонистон раъйҳои зиёд ба даст овардааст ва ба тарафдорӣ аз доктор Абдулло дар шимол афроди зиёд овоз додаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ ҳарфе аз натиҷаҳо дар Ҳирот гуфта намешавад. Коршиносон мегӯянд, Ҳирот бо назардошти шумори аҳолияш яке аз нақшҳои калидиро дар таъини баргузорӣ ва ё барнагузории даври дуюм мебозад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854