23:01:04 27-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗДОШТИ 3 КОРМАНДИ "ВОСТОКРЕДМЕТ" ДАР ЧКАЛОВСК

 

 Бар пояи маълумоти манобеъ аз корхонаи давлатии «Востокредмет», се корманди баландпояи ин корхона ахиран бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Узбакистон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ки нахостанд номи худро ошкор созанд, Матин Зиёев – раҳбари бахши режим ва ё хадамоти амнияти дохилии корхонаи «Востокредмет», Александр Ботов – сармуҳандис ва як корманди дигари баландмақоми ин корхона, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ахиран аз ҷониби кормандони амниятии Суғд боздошт шудаанд. 

Ин манобеъ мегӯянд, ки нафарони боздоштшуда мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон ба ҷосусӣ ба фоидаи Узбакистон муттаҳам мешаванд ва тафтиши ин парвандаро раёсати амнияти миллӣ дар вилояти Суғд пеш мебарад.

Шавкат Бобоҷонов – раиси кулли корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» нахост дар ин бора сӯҳбат кунад. Мақомоти амниятии вилояти Суғд низ аз ҳар навъ ташреҳи ин хабар худдорӣ меварзанд ва то ҳол расман эълон нашудааст, ки оё дар воқеъ кормандони “Востокредмет” бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудаанд ё хайр? Аммо як корманди додситонии вилояти Суғд бидуни зикри номаш боздошти се корманди корхонаи «Востокредмет»-ро таъйид кард, вале гуфт, аз ҷузъиёти ин парванда хабар надорад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет», воқеъ дар шаҳри Чкалов, аз бузургтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар даврони шӯравӣ ба коркарди уран ихтисос дошт, вале тавре масъулини ин корхона мегӯянд, фаъолияташ дар ин замина ҳанӯз дар охирҳои солҳои 90 – уми асри гузашта қатъ шудааст. Феълан ин корхона умдатан ба тавлиди молҳои рӯзгор машғул аст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi