13:10:27 02-уми Июни 2025 сол

ҲАБСИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ДАР ҲАМАДОНӢ

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ як шаҳрванди Давлати исломии Афғонистон, Мусохон валади Мирҳамзаро барои 18 сол равонаи зиндон намуд. 

Ин шаҳрванди Афғонистон дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешавад. Изатулло Табаров, раиси додгоҳи ноҳияи мазкур мегӯяд, давоми соли ҷорӣ саввумин шаҳрванди Афғонистон аст, ки дар ҳудуди ноҳия боздошт ва маҳкум ба зиндон мешавад. Аммо ҷаноби Табаров мегӯяд, аксари қочоқчиёни боздошташуда дар додгоҳ аз гирифтани адвокат ё худ ҳимоятгар даст мекашанд, зеро ба гуноҳи худ пурра иқроранд. 

Таи ду соли охир дар ноҳияи Ҳамадонӣ 15 тан аз шаҳрвандони Давлати исломии Афғонистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, интиқоли маводи мухаддир аз 17 то 23 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Сулаймон Холлов, АМИТ "Ховар"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854