06:41:57 14-уми Июни 2025 сол

ГИРОМИДОШТИ 150 СОЛАГИИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДАР КӮЛОБ

Имрӯзҳо арҷгузорӣ аз 150 солагии шоири шаҳири Кӯлобӣ, ки бо амри тақдир маркази илм ва фарҳанги тоҷикон Бухороро ҷойи иқомат қарор дода буд, идома дорад.

/images/stories/2011/12/13_shamsiddini-shohin_2012.jpgРӯзи душанбе ҷамъомади бошукӯҳ бо мушорикати раиси ҳукумати шаҳр ва дигар ашхоси расмӣ баргузор гардид. Намоиши драмаи манзуми шодравон Сафармуҳаммад Аюбӣ низ аз ҷузъиётҳои арҷгузории ҳамшаҳриҳои Шамсиддини Шоҳин буд аз шоири дӯстдоштаашон.

Ҳотамшо Асозода, номзади илми филология аз мақоми Шоҳини кӯлобӣ сӯҳбат ороста ба вижа гуфт: «Агар ақоиди маорифпарваронаи шоири дигари замони инқилоби уктабри тоҷик Аҳмади Дониш дар шакли наср буд, пас чунин ақидаҳоро шоири зиндаёди кӯлобӣ дар шакли назм ба қалам додааст. Шоҳин ҳамагӣ дар 35 соли ҳаёташ, ки шояд давраи эҷодиёташ 25 соли онро дар бар гирад 12 000 мисраъ шеър навиштааст, ки ҳамааш панду насиҳат ва ҳақиқат асту тавфиқ.

Асари манзуми ӯ «Бадоеъ-ус-саноеъ» намунаи олии эҷодиёти шоири Кӯлобӣ аст, ки писанди ҷаҳониён гаштааст».

Аҳмади Иброҳим барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854