12:58:03 02-уми Июни 2025 сол

ИНТИЗОРИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ ДАР АФҒОНИСТОН

Дар ҳоле ки ду номзад худро пирӯз мешуморанд, интизор меравад, ки имрӯз бахше аз натиҷаҳои интихоботи президентии Афғонистон эълон шавад. 

Кумиссиюни мустақили интихоботӣ дар Афғонистон гуфт, имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии 10 дарсади раъйҳоро эълом мекунад. Аммо натиҷаҳои умумӣ рӯзи 3-вуми сентябр нашр хоҳанд шуд. Ҳарду номзади аслӣ дар интихобот Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло - собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон, худро пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии 20-уми август эълом кардаанд. Доктор Абдулло ҳамчунин мегӯяд, дар интихобот ба нафъи Ҳомиди Карзай таққалуби густурдае сурат гирифтааст. 

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, Кай Эйде, рӯзи душанбе аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ хост, сабур бошанд, то ки кумиссиюни интихоботӣ шикоятҳо дар бораи таққалубкориҳоро таҳқиқ кунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854