ОҒОЗИ МУСОБИҚОТИ ПАҲЛАВОНИИ ҶАВОНОНИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ
Нахустин давра аз мусобиқоти варзишҳои зӯрхонаӣ ва паҳлавонии ҷавонони Осиё дар солуни Қасри Тениси шаҳри Душанбе оғоз шуд. Ин мусобиқот, ки дар он варзишгарони ҷавон аз 11 кишвари Осиё ширкат доранд, панҷ рӯз идома хоҳад дошт.
Дар мусобиқот варзишгарон аз Чин, Непол, Ҳиндустон, Ироқ, Афғонистон ва кишварҳои дигари осиёӣ ширкат доранд. Ин мусобиқот бидуни ширкати варзишгарони эронӣ доир мешавад. Манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар ин мусобиқот 40 нафар аз варзишгарони эронӣ бо ҳарифони худ аз кишварҳои дигар рақобат хоҳанд кард.
Вале ба гуфтаи Амир Ҳусайнӣ, дабири Федеросиюни варзишҳои зӯрхонаии Эрон, ба далели "мушкилоти дохилӣ" варзишгарони эронӣ имкони ширкат дар мусобиқоти Душанберо наёфтаанд. Варзиши зӯрхонаӣ, ки аз варзишҳои суннатии эрониён аст, аз қадимулайём дар миёни порсигӯёни Варорӯд низ роиҷ буда, дар садаҳои ахир аз миён рафта буд.
Ин навъи варзиш дар солҳои ахир дар Тоҷикистон дубора эҳё шудааст. Нахустин зӯрхона дар Тоҷикистон дар соли 2005 бо кумаки сафорати Эрон таъсис шуд ва он ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, шоъири бузург, мусаммо шудааст.
Би-Би-Си