14:03:10 02-уми Июни 2025 сол

ПЕШСАФИИ КАРЗАЙ АЗ АБДУЛЛО БЕШТАР ШУД

Баъд аз шумориши 17%-и раъйҳо Ҳомиди Карзай аз рақиби аслиаш доктор Абдулло, собиқ вазири умури хориҷӣ, 10 дарсад пешсаф аст. 

Ҳамин тавр, Карзай аз 43 то 45 дарсад ва Абдулло аз 34 то 35 дарсади раъй мардумро касб кардаанд ва аммо барои пирузӣ дар даври якум яке аз номзадҳо бояд бештар аз 50 дарсади раъйҳоро ба даст орад. Омори нави мақомот ҳамагӣ як рӯз баъд аз он эълон шуд, ки Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон нахустин натиҷаҳои ҷараёни интихоботро интишор кард. Интизор меравад, натиҷаҳои муқаддамотӣ 3-юми сентябр ва натиҷаҳои ниҳоии расмӣ 17-уми сентябр эълон гарданд. 

Агар ҳеҷ як номзад аксарияти зарурии раъйҳоро ба даст наорад, пас миёни ду номзади пешсаф даври дувум баргузор хоҳад шуд. Шореҳон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар даври дувуми интихобот лозим шавад, ин ба суботу пойдории Афғонистон латма мезанад. Ин шореҳон мегӯянд, раъйгирии такрорӣ ихтилофоти дохилии кишварро боз ҳам амиқтар мекунад.

"Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854