17:34:11 04-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ МУАЛЛИФИ "САНГИ МАЗОР"

Абдулло Қодирии Мумтоз, шоири маъруфи тоҷик дар синни 73-солагӣ бар асари сактаи дил аз ин ҷаҳон чашм пӯшид. Охирин навиштаҳои шоир дар куллиёташ бо номи «Лаҳни Булбул» ҷамъоварӣ шудааст, ки як сол қабл аз нашр баромада буд.

Абдулло Қодир
ӣ яке аз камтарин шоироне будааст, ки зодгоҳаш пойтахти Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи январи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро ҳам дар пойтахт хатм кардаву, таҳсилашро дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додааст. Ӯ дар нашрияҳои маҳаллӣ ва филармонияи давлатӣ фаъолият кардааст.

Нахустин шеъри Абдулло Қодирии Мумтоз дар синни 21-солагиаш э
ҷод шудааст ва то ба имрӯз ашъори ин шоир дар беш аз 10 китоб нашр шудааст.

Абдулло Қодир
ӣ дар дохилу хориҷ аз кишвар чун таронанавис маъруфият дошт. Аксари шеърҳои ӯ аз ҷониби оҳангсозону овозхонони маъруфи тоҷику афғону эронӣ мисли Кароматуллоҳи Қурбон, Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Лайло ва Афсона ба оҳанг дароварда шудааст. Сурудҳои маъруфи «Аввалин ишқам ту будӣ», «Санги мазор», «Аскарбачаҳо», «Нигори Нозанин» бо қалами марҳум навишта шудаанд.

Шоири маъруфи то
ҷик, муаллифи таронаҳои маҳбуб Абдулло Қодирии Мумтоз дар ниҳояти хоксорӣ мезист ва танҳо гурӯҳи хурде медонистанд, ки муаллифи беҳтарин ва дилнавозтарин таронаҳои форсизабонони асри бист кист. 

Зарангези Наврӯзшоҳ, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854