02:51:51 01-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ ЗИНДОНИ 4 УЗВИ АЛ-ҚОИДА

Додгоҳи олии Тоҷикистон чаҳор нафарро бо ҷурми узвият дар шабакаи террористии ал-Қоида ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Хабаргузории маҳаллии “Авасто” менависад, сокини ноҳияи Ҷилликӯл Мирзовалӣ Холов, ки гуфта мешавад, дар авоили солҳои 90 ба Афғонистон рафта, соли 1998 ба ал-Қоида пайвастааст, ва сокини ноҳияи Вахш Билоли Мӯсозода, ки ба гуфтаи додгоҳ, соли 1994 барои таҳсил ба мадрасаи Имом Бухории Покистон рафта, соли 1998 узви ал-Қоида шудааст, 15-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Носир Ғуломҳайдаров ва Абдусаттор Абдуллоев ҳарду ба 8 соли маҳбас маҳкум шуданд. 

Мӯсомир Ӯроқов, қозии мурофиа ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, ин афрод, ки дар моҳҳои март ва апрели соли равон аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд, тибқи банди 187-и Қонуни ҷиноӣ ба ташкили созмони ҷиноӣ муттаҳам мешуданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854