02:53:45 01-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ СИЛОҲБАДАСТОНИ РУСИЯ ДАР ПОКИСТОН

Политсияи Покистон чанд рӯз пеш гурӯҳи 12 нафараи силоҳбадастони зархариди хориҷиро дастгир намуд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Русия низ мебошанд.

Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар медиҳад, ки дар байни дастгиршудагон ғайр аз русҳо, инчунин шаҳрвандони Судон, Туркия ва Эрон ҳастанд. Намояндаи политсияи Покистон дар бораи шахсони дастгиршуда маълумоти муфассал надода, танҳо таъкид намуд, ки онҳо бо ҷунбиши «Толибон» шарик мебошанд. Аз силоҳбадастон дастгоҳи навтарини компютер ва маблағи калони пул бо доллари ИМА мусодира карда шуд. 

Хабар дода мешавад, ки силоҳбадастон аз Эрон ғайриқонунӣ ба Покистон гузашта, мехостанд ба вилояти Вазиристони ҷанубӣ раванд. 

Тавре ки маълум аст, пойгоҳи асосии шӯъбаи покистонии «Толибон» дар ҳамин ҷо воқеъ мебошад. Солҳои охир дар Покистон бо гумони ҳамдастӣ бо «Толибон» ва «Алқаёда» бештар аз 1000 нафар дастгир карда шуд, инчунин даҳҳо қумондонони дастаҳои силоҳбадастон нобуд карда шуданд. Роҳбари дуюми созмони «Алқаёда» Аймон Алзавоҳирӣ ва роҳбари шӯъбаи покистонии «Толибон» Байтулло Мақсуд аз ҳамин ҷумлаанд.

АМИТ «Ховар

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854