08:30:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 27
28 29 30        

«БАРҚИ ТОҶИК» ШИРКАТИ ЗАРАРОВАР АСТ?

Дар асоси таҳлили фаъолияти иқтисодии корхонаю муассисаҳо ва вазорату идораҳо, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронидааст, маълум гардид, ки соли 2011 дар ин корхонаҳо камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ вуҷуд доштаанд.

Бино ба гуфти директори агентии мазкур Фатоҳ Саидов, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар сохторҳои Вазорати энергетика ва саноат ба андозаи 15,7 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ -9,5 млн, Хадамоти гумрук -6, Хадамоти алоқа -3,9, Вазорати нақлиёт -3,6 млн, Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» - 2,9, Вазорати маориф-2,3, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об -1,8, Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон –«Тоҷиксуғурта» -1,4, Вазорати тандурустӣ -1,3, Вазорати корҳои дохилӣ -1,1 ва Корхонаи воҳиди давлати (КВД) –и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» зиёда аз 1 млн.сомонӣ зарарҳои млиявӣ ошкор карда шуданд.

Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов аз ҷумлаи 15,7 млн. сомонӣ зарари молиявии дар сохторҳои Вазорати энергетика ва саноат ошкоршуда беш аз 12 млн. сомонии он ба ташкилоту муассисаҳои зертобеи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» марбут буда, он зараровартарин ширкат дар миёни ҳамаи ширкатҳои ватании Тоҷикистон дониста шудааст.

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi