ВАЗОРАТҲО БА ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ГУЗАШТААНД?
Нишасти навбатии матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки дар толори Агентии мазкур гузшт, аз ҷиҳати таҳлилӣ будани мавод, хеле ҷолиб буд. Дар нишаст ҳамаи хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов гуфт, ки дар натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи кормандони шӯъбаву раёсатҳои агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ба маблағи 107, 2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Ба гуфти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф. Саидов, мутаассифона, ҳолатҳое низ ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шуданд, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд.
Дар давоми соли 2011 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 43 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 18 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар корманди Вазорати адлия, 12 ҷиноят аз ҷониби 10 нафар корманди Кумитаи андоз, 14 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 12 ҷиноят аз ҷониби 9 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 9 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди мақомоти прокуратура, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти судӣ (Шӯрои адлия), 5 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва 2 ҷиноят аз ҷониби як нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ошкор ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд.
Сипас дар давоми яку ним соат саволу ҷавоб миёни хабарнигорон ва кормандони агентию директори он Ф. Саидов идома ёфт ва хабарнигорон тавонистанд ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои дилхоҳ пайдо кунанд.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»