18:56
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ. МЕШАВАД «БОВАР» КАРД?
Хабар - Хабар
01.02.2012 14:24

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хотири тамоси мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод, телефони боварӣ ташкил додааст. Бадриддин Умаров, масъули телефони боварӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, шумораи ин телефон ба хотири расидагӣ ба арзу шикояти шаҳрвандон эълон шудааст.

Вай афзуд, ки шумораи ин телефон 221-21-21 буда, сокинон аз тамоми манотиқи кишвар метавонанд, тамос гиранд ва арзи худро расонанд. Ҷаноби Умаров дар идома гуфт, пас аз дарёфти шикоятҳо, ҳамаи онҳо мустақиман ба рӯйи мизи вазир гузошта шуда, шахси худи вазир бевосита барои ҳалли ин масъалаҳо машғул мешавад.

Барои озмоиши ташаббуси Вазорати умури хориҷӣ хабарнигори мо дар масъалаи барчидани рақамҳои мошинҳо дар назди манзилҳои зист аз тарафи кормандони милиса, бо ҳамин рақам тамос гирифт. Ва фардо субҳ аз Бахши амнияти Вазорати умури дохилӣ дар тамос шуданд ва хоҳиш намуданд, ки барои ҳалли масъала якҷоя ҷораҷӯӣ карда шавад.

Баъзе аз сокинони пойтахт мегӯянд, ҳарчанд чунин рақами боварие, ки арзи мардумро ба шахси вазир расонад дар дигар вазоратҳо дида намешавад, вале намешавад интизор дошт, ин шумораи телефонӣ боварӣ барои муддати зиёд фаъол бошад.

«Озодӣ»

Миқдори нигориши мавод: 74

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh