09:38:35 06-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ АФСАРОНИ СОБИҚИ ОМОН ТАҒЙИР НАЁФТ

Додгоҳи таҷдиди назар даъвои афсарони ОМОН-ро баррасӣ ва ҳукми қаблии додгоҳ нисбат ба онҳоро бетағйир боқӣ монд. Қаблан, додгоҳ ду корманди воҳиди махсуси милиса (ОМОН)-ро барои ҳамла ба казинои "Помир", ғоратгарӣ ва дуздӣ ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум карда буд. Фармондеҳи пешини як ротаи ОМОН Равшан Ҳомидов ва собиқ раҳбари бахши навбатдори ин воҳиди вазорати дохила Тоҳир Раҳимов ҳар кадом барои 21 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд. 

Аммо, бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, сарвари дастаи ғоратгар, собиқ корманди Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Таваккалхоҷа Низомов дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Вакилони дифоъи ин афсарон мегӯянд, ба қарор додгоҳ мувофиқ нестанд ва ба раёсати Додгоҳи олӣ аз болои ин таъинот шикоят хоҳанд бурд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854