13:33:31 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ИСТИҚБОЛ АЗ ҲУЛУЛИ НАВРӮЗ БО ОТАШБОЗӢ

Тоҷикистон дар соати 24:00-и бистуми март аз ҳулули Наврӯз бо фейерверк ё оташбозӣ истиқбол мекунад. Шаҳрдории Душанбе ба истиқболи Наврӯзи байнулмилалии соли 2012 ҷадвали баргузории маросимҳои ҷашниро мунташир кардааст, ки бар асоси он Иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо оташбозӣ ё фейерверк истиқбол хоҳад шуд.

/images/stories/2012/03/20_soli-nav-20312.jpgҚарор аст, соати 24:00 (20-уми март) ба ифтихори истиқболи вуруди Наврӯз фейрверк ё оташбозии идона дар ҳаҷми 5- дақиқагӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Ғалаба, Боғи Пойтахт ва Боғи Дӯстии Халқҳо доир шавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдурасул Раҳмонов, ходими Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, тибқи мушоҳидаҳои астрономӣ Наврӯзи имсола соати 10-у 14 дақиқаи 20-уми март фаро расидааст.

Дар солҳои пешин Тоҷикистон ҳарчанд аз Наврӯз истиқбол намудааст, аммо соати вуруди соли нави хуршедиро таҷлил намекард. Баръакс, сокинони Тоҷикистон вуруди соли нави милодиро бо оташбозӣ истиқбол мегирифтанд.

Ҳамчунин дар давоми рӯзҳои 20-21-уми март аз соати 10:00 ташкили намоишҳои русуми Наврӯзӣ ва барномаҳои ҳунарӣ дар Боғи Ирам, Боғи Ғалаба, майдони 800-солагии Москва, Боғи Дӯстии Халқҳо доир мешавад.

Рӯзи 23-юми март мусобиқаи гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва рӯзи 25-уми март намоиши фарҳангии "Ошёни Наврӯз" ва дар фарҷоми он баргузории фейрверк ё оташпаронии рӯзона дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" низ дар назар аст.

Душанбе мизбони имсолаи ҷашни Наврӯзи байнулмилалист, ки интизор меравад дар он раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон низ иштирок дошта бошанд. Бо дар назар гирифтани сардии ҳаво ҷашни асосии Наврӯзи байнулмилалӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзи 25-уми март дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд.

Соли гузашта Эрон мизбони Наврӯзи байнулмилалӣ буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он иштирок дошт. Давлати Тоҷикистон имсол барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман шаш рӯзи таътил  муқаррар кардааст. Рӯзҳои таътил аз рӯзи 21-уми март оғоз меёбанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi