14:07:52 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ЛИМИТИ БАРҚ ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗ ҲАМ ЛАҒВ НАМЕШАВАД

Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, дар рӯзҳои Наврӯз ҳам лимити нирӯи барқ тағйир нахоҳад ёфт. Ба гуфтаи мақомоти ин ширкат, сардиҳои шадид боиси коҳиши маҷрои об ба обанбори Норак шудааст ва ин тағйири лимит дар рӯзҳои Наврӯзро номумкин мегардонад.

/images/stories/2012/03/20_barqi-tojik-20312.jpgЛимити барқ дар Тоҷикистон аз 12-уми октябр идома дорад, вале дар моҳи март дар рустоҳо ба мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат барқ медиҳанд. Ширкати “Барқи Тоҷик” як ҳафта қабл эълом карда буд, ки ба эҳтимоли қавӣ маҷбур хоҳад шуд, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардумро камтар кунад, зеро маҷрои ками об, сабаби коҳиши тавлиди нерӯи барқ хоҳад шуд.

Ширкат дар як баёнияи расмӣ гуфта буд, “бо сабаби нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси кишвар” коҳиш меёбад.

То кунун ба истиснои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар дар як шабонарӯз то 5 соат нерӯи барқ мегирифтанд ва ҳоло ба гуфтаи мақомот эҳтимол дорад, ба хонаҳои мардум дар як шабонарӯз то аз се то чаҳор соат нерӯи барқ дода шавад.

Таври маълум, Тоҷикистон дар мавсими гармо бештар аз ниёзи дохилӣ нерӯи барқи обӣ тавлид мекунад, вале дар мавсими сармо ва тақрибан ним сол ба нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi