01:32:28 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАДУХӮРД МИЁНИ ТОҶИКОН ДАР МАСКАВ

Бар асоси иттилоъи хабаргузориҳои Русия шоми якшанбеи 6 сентябр дар задухӯрде миёни чанд табаъаи тоҷик дар наздикии маркази тиҷоратии “Эмерал”-и шаҳри Маскав панҷ нафар захмӣ шудаанд. Максим Колосветов, як масъули пулиси Русия дар Маскав ба хабарнигорон гуфтааст, ки чаҳор нафар бар асари исобати гулӯлаи силоҳи оташфишон ва як нафари дигар ба зарби чоқу ё корд захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Колосветов, ҳамакнун ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав барои дастгир кардани ширкаткунандагони ин задухӯрд, ки аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд, амалиётеро зери унвони “Боздошт” оғоз намудаанд. Ҳафтаи гузашта низ дар назди маркази тиҷоратии “Нахимов”-и шаҳри Маскав миёни чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон задухӯрде рух дод ва бар асари он як марди 25-сола захмӣ шуда буд.

Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси Маскав, дар ҷараёни задухӯрд дар қаҳвахонаи шаҳри Люберси вилояти Маскав як нафар ба зарби силоҳи оташфишон захмӣ шуда ва баъдан дар бемористон даргузаштааст. Мусамиршоҳ Ғафуров, масъули бахши муҳоҷирати сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни таъйиди хабари вуқӯъи задухӯрд миёни чанд табаъаи тоҷик дар шаҳри Маскав гуфт, ки ин ҳодиса "аз ҷониби гурӯҳҳои табаҳкор" анҷом шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ғафуров, тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, гурӯҳи табаҳкоре ба номи “гурӯҳи Қобил” барои ситондани пули картошка, ки тоҷирони тоҷик ба насия гирифта буданд, омада ва баъдан даъвои лафзии ду тараф ба задухӯрд анҷомидааст. Мусамиршоҳ Ғафуров таъкид кард, ки ҳоло дар шаҳр ва вилояти Маскав аз ҷумлаи атбоъи тоҷик чанд гурӯҳи табаҳкор фаъолият мекунанд, ки аъзои онҳо умдатан ба ғорат ва азияти ҳамватанони худ дар Русия машғуланд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi