15:55:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАЁНИЯИ ШӮРОИ СИЁСИИ ҲНИТ

Имрӯз, 08.09.09 сухангӯйи ҲНИТ ҷаноби Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода баёнияи зеринро дастраси расонаҳои хабарии кишвар, аз ҷумла сомонаи мо, намудааст, ки инак матни онро пешкаши шумо муштариёни гиромӣ мекунем.


Пешниҳоди ҲНИТ ба Маҷлиси намояндагон

Шӯрои Сиёсии ҲНИТ аз лоиҳаи пешниҳод намудаи Ҳукумати ҶТ ба Маҷлиси намояндагон дар мавриди ворид намудани ислоҳот ба Қонуни забони давлатӣ ҷонибдорӣ намуда, чунин мешуморад, ки он барои рушди фарҳанги миллӣ мусоидат мерасонад. Ҳамзамон аз љониби хеш пешниҳод менамояд, ки дар матни дебоча ва ё моддаи алоҳидаи он иловаи дигаре дар мавриди умумияти забони тоҷикӣ ва форсӣ ба тарзи возеҳу гуворо дарҷ карда шавад. 

Зеро дар тамоми сарчашмаҳо забони коргузорӣ ва илмии миллати тоҷикро то табадулоти коммунистии солҳои 20-уми асри гузашта ё ба истилоҳ инқилоби Уктобр форсӣ мегуфтанд. Агар мо хешро меросбари фарҳанги бою пурғановати гузаштагонамон медонем ва ба он эҳтиром мегузорем, бидуни қайди қонунии ин масъала ҳаққи маънавии истифодаи онро аз даст медиҳем. Ва даъвои он ки Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ, Маснавии маънавии Мавлонои Рум ва дигар навиштаҳои саромадони фарҳанг ва адаби форс моли мост, бепоя хоҳад монд. 

Шӯрои Сиёсии ҲНИТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi