05:16:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪИ "МУҲАММАДИЯ"

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат фаъолияти масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия» - и ноҳияи Ваҳдатро манъ кард. Ҷамшед Ёров, вакили дифои муассисони «Муҳаммадия» гуфт, додгоҳ дар ин масҷид адои намозҳои панҷгонаро иҷозат дод ва гузоштани намози ҷумъаро манъ кард.

/images/stories/2012/05/03_masjidi-muhammadiya_3512.jpgҚаблан Кумитаи дини Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда буд, ки масҷиди “Муҳаммадия” ба қонунҳои Тоҷикистон итоат намекунад, аз ин хотир, фаъолияти онро ҳамчун масҷиди «ҷомеъ» комилан қатъ карда шавад.

Кумитаи дини Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта ба далели баргузории маросими «Ошӯро», адои намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ мутаваққиф карда буд. Ин ниҳод ба роҳбарони масҷиди «Муҳаммадия» - бародарон Маҳмудҷон ва Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаҳо ҳушдор дода буд, ки тайи се моҳи оянда фаъолияти худро ба танзим дароранд ва камбудиҳоро бартараф кунанд, аз ҷумла яке аз талабҳо аз имоматӣ даст кашидани ин бародарон дар ин муддат буд.

Кумитаи дин дар шикояташ ба додгоҳ гуфтааст, ки дар зарфи ин се моҳ масъулини «Муҳаммадия» камбудиҳоро ислоҳ накарда, баръакс дар намозҳо имоматӣ кардаанд.

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз муассисони масҷдиди «Муҳаммадия» ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми далелҳо барои беасос будани даъвои Кумитаи динро додгоҳ ба назар нагирифт ва ғайриқонунӣ масҷиди ҷомеъро баст. Вай афзуд, дар таърихи ислом бори аввал аст, ки як давлат тариқи додгоҳ масҷиди ҷомеъро манъ мекунад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi