19:15:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САФАРИ ВАЗИРИ ДИФОИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ

Вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон Анатолий Сердюков ва Шералӣ Хайрулло зуҳри имрӯз масъалаи мақоми пойгоҳи низомии Русияро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба радиои Озодӣ аз дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои ин сарчашма вазири дифои Русия шоми рӯзи панҷшанбе барои анҷоми як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд. 

Интизор меравад, вазири дифои Русия ҳамчунин бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқот анҷом диҳад. Сафари Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран ҷониби Тоҷикистон масъалаи пулакӣ кардани тартиби фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар хоки худро пешниҳод кардааст. Ин масъала зимни дидори раҳбарони ду кишвар Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе дар охирҳои моҳи июл низ матраҳ шуда буд. 

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз масъалаи молии ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон мавзуи меҳвари дидор ва гуфтугӯи вазирони дифои ду кишвар хоҳад буд. Ба назари коршиносон, интизор меравад, Анатолий Сердюков тарҳи нави Маскав дар ин робитаро ба Душанбе пешниҳод кунад.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи лашкари 201-уми артиши Русия таъсис ёфта, шумори нерӯҳояшро зери 7000 рақам мезананд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi