07:46:08 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДБУДИ ШАҲОДАТИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

Сафорати Афғонистон дар Душанбе бо баргузории маросиме аз солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон, таҷлил кард. Масъулони сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳадаф аз баргузории маросими ёдбуди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, сарлашкари фақид афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гиромидошти хотираи шахе унвон карданд, ки умре барои озодии меҳан ва истиқлоли воқеии мардуми кишвари худ мубориза бурдааст.  

Ҷалолиддини Маҳмуд, аз чеҳраҳои саршиноси Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Аҳмадшоҳ Масъуд на танҳо бо ҷасорату мардонагӣ ва таҳамтанӣ дар Тоҷикистон машҳур аст, балки сулҳи тоҷикон ба номи ин абармарди роҳи озодӣ ва истиқлол марбут аст. 

Вай гуфт, шаҳид Масъуд аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро барои аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват намуда, бад-ин васила заминаи истиқрори сулҳи тоҷиконро дар соли 1997, ки миёни мухолифин ва ҳукумат дар Маскав ба имзо расид, фароҳам кард.

Косими Бегмуҳаммад, коршиноси масоили амниятӣ, дар ҳоле, ки шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро барои тоҷикони Афғонистон ва Тоҷикистон фоҷеаи бузург медонад, ҳамзамон мегӯяд, «имруз ҷойгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар сартосари Афғонистон ва дар Тоҷикистон холист. Мутаасифона, чунин шахсияте, ки тавонад аз тоҷикон дифоъ кунад вуҷуд надорад ва гумон аст, ки дар садсолаҳои баъдӣ фарде ҷойгузини ӯ шавад». 

Аммо изҳори таассуфи Косимшоҳи Искандар, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои мантақаӣ дар Тоҷикистон, аз он аст, ки пас аз сари Аҳмадшоҳи Масъуд афроди наздик ба ӯ ва дар маҷмӯъ тоҷикон дар Афғонистон пароканда шуданд. Вай мегӯяд, «Аҳмадшоҳи Масъуд як шахсияти меҳварӣ буд, аммо баъд аз сари ӯ парокандагиҳои зиёде дар миёни атрофинаш ба вуҷуд ома. Ҳатто ҳизби Бурҳониддини Раббонӣ аз ҳам ҷудо шуд, тафриқа ва мухолифатҳое ба вуҷуд омад, ки баёнгари набуди Масъуд аст».

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун Мухаммадқосими Фаҳим ва Абдуллоҳи Абдулло, ду тан ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзеъҳо ва сангарҳои мукобили сиқсӣ ҳарор гирифтаанд. Таҳаввулоти сиёсии Афғонистон, ба хусус интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, низ далели он аст, ки доктор Абдулло дар талоши боло бурдани ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки маҳз парокандаии нерӯҳои собиқи Эътилофи шимоли Афғонистон ва набуди нерӯи қавӣ, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд монеъе дар амалӣ шудани ин ҳадаф аст.

Зеро Аҳмадшоҳи Масъуд, аз сипаҳсолоронест, ки тавонист бо иродати қавӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва низомӣ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравиро шикаст бидиҳад. Истодагии ӯ дар муқобили гурӯҳи Толибон дар миёнаҳои даҳаи 1990, ки муваффақ ба тасарруфи бештари манотиқи Афғонистон, ба хусус Кобул шуда буд мавриди эътирофи бештари доираҳои сиёсӣ ва низомӣ шуда буд. Зеро вай аз тариқи таъсиси Эътилофи Шимол дар Панҷшери Афғонистон зарбаҳои сангинеро ба ин гурӯҳ ворид карда буд. 

Аммо 9 сентябри соли 2001 ду рӯзе кабл аз ҳодисаи 11-уми сентябр, ки оғозе дар муборизаи байнулмилали зидди терроризм унвон мешавад, Ахмадшоҳи Масъуд дар сӯйқасде ҳадафманд тавассути ду тан хабарнигори хориҷӣ ба қатл расид, ки гуфта мешавад дар миёни ин ду ҳодиса иртиботе вуҷуд дорад.

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi